Боздиди ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Сафир оид ба масъалаҳои амниятиб байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар Ким Ган дар саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, иштирок намуданд Ҳайати мазкур баҳри шиносӣ бо таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ бо забони англисӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмонон бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихии халқи тоҷик шуруъ аз асри санг давра ба давра то асри XX ва дар толорҳои шуъбаи таърихи нав ва навтарин бошад, бо дастовардҳои замони истиқлолияти кишвар ҳамчунин толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шинос гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки тавассути толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон меҳмонон аз таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бештар огаҳӣ пайдо намуданд.

Баъд аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Сафир оид ба масъалаҳои амнияти байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии корея Ким Ган ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.