Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос”
Рӯзи 30.01.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос” баргузор гардид.
Дар маҷлис директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, раиси ташкилоти ибтидоии “Бостоншинос” Иброҳимзода Зафаршо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Бостоншинос” иштирок намуданд.
Нахуст Иброҳимзода Зафаршо аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Бостоншинос” дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 ҳисоботи муфассал намуда, дастовардҳоро бо рӯнамо пешниҳоди ҳозирин намуд. Аз ҷумла зикр намуд, ки фаъолияти Осорхонаи миллӣ дар соли 2022 дар асоси дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, дар ин давра ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гардид.
Дар масъалаи дуюми маҷлис аъзои ташкилоти ибтидоии “Бостоншинос” Хоҷаев Шералӣ оид ба омӯзиши Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат суҳбат намуд. Мавсуф зикр намуд, ки Паём – ҳуҷҷати роҳанамо барои ҳар як аъзои ташкилоти ибтидоии “Бостоншинос” буда, ҳамҳизбиён кушиш ба харҷ хоҳанд, то дар самти амалӣ намудани бандҳои он саҳми назаррас дошта бошанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим дар робита Паёми Пешвои миллат андешаҳои худро иброз намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Бостоншинос”-ро дар соли сипаригардида қаноатбахш номид.
Маврид ба зикр аст, ки дар рафти маҷлис нақшаи ташкилоти ибтидоии “Бостоншинос” барои соли 2023, ки аз 26 банд иборат аст, тасдиқ гардид.
Ҳамчунин дар чорабинӣ 5 нафар ҷавонони муассиса ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардида, 6 нафар аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии “Бостоншинос” аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо “Сипоснома” сарфароз гардонида шуданд.