Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба “Рӯзи Парчами …
Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Имрӯз 22.11.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Парчам – рамзи садоқат, ҳувияти миллӣ ва шарафи ватандорӣ» баргузор гардид.
Дар кори конфронс директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷонибек Асрориён, омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ Давлатшоҳ Маҳмудов, мутахассиси шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ Фирӯз Шоинбеков ва сардори шуъбаи мероси хаттӣ ва тарҷумаи Осорхонаи миллӣ Мусоев Муҳаммадҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ҳамоиши илмӣ ходимони илмии Осорхонаи миллӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода иштирок намуданд.
Дар ҷараёни конфронси мазкур олимону муаррихон дар мавзуъҳои “Нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ниҳодҳои сиёсии ҷомеа”, “Парчам: Ташаккул ва таҳаввули он дар таърихи давлатдории тоҷикон”, “Моҳияти ҳуқуқии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аз таърихи парчамдории тоҷикон”, “Парчам дар осори бостоншиносӣ” ва “Инъикоси парчам дар қаламиҳои китобҳои чопи сангии Осорхонаи миллӣ” маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ба хусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ инъикос ёфтааст.