Баргузории ҷаласаи навбатии шӯрои директорони

Баргузории ҷаласаи навбатии шӯрои директорони Осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек

Рӯзҳои 8-10 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади баррасии масъалаҳои Шӯрои Осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ ҷаласаи директорони осорхонаҳо баргузор гардид. Дар кори шӯрои мазкур директорони Осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ, Доктори илмҳои фалсафа, директори Маркази ҳифзи мероси фарҳангии Донишгоҳи Чикаго-и ИМА, Профессор Ҷилл Стейн, Сафирони муқимии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ Каримдодзода Миралӣ ва сардори шуъбаи оммавӣ-экскурсионӣ Фирдавс Исроилов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама табодули таҷриба дар самтҳои мухталифи фаъолияти осорхонавӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки Шӯрои мазкур дар таҳия ва татбиқи самтҳои афзалиятноки соҳаи таърих, фарҳанг, санъат, осорхонаҳо, инчунин ташкил ва баргузории намоишҳо, конфронсҳо ва семинару симпозиумҳои муштараки илмӣ-амалӣ мусоидат менамояд.