Оиди мо

Таърихи Осорхона

Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 27.07.2011, № 1094 таъсис ёфтааст. Масоҳати он 24000 м2–ро ташкил медиҳад, ки 15 000 м2 он барои экспозитсия пешбинӣ шудааст. Осорхона 22 толори намоишӣ дошта, дар онҳо беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки муаррификунандаи таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Дар Осорхонаи миллӣ барои тамошобинон чор шуъбаи экспозитсионӣ: шуъбаи табиат, шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, шуъбаи таърихи нав ва навтарин, шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ фаъолият менамоянд.

Зербино

Шуъбаи табиат дар зербинои осорхона ҷойгир буда, ба тамошобинон оид ба олами ҳайвоноту растаниҳо, иқлим, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот медиҳад. Дар шуъбаи табиат толори махсуси геологӣ фаъолият менамояд, ки дар он намунаи сангҳои қиматбаҳои конҳои ҳудуди кишвар, пайдоиши ҳаёт дар рӯи замин, гӯшаи палеонтология (организмҳои сангшуда) ба тамошо гузошта шудаанд. Дар маркази толори зикршуда дарахти маснӯие мавҷуд аст, ки аз сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон сохта шудааст. Ин дарахт 3,4 м баландӣ, 600 кг вазн ва 19536 барг аз сангҳои қиматбаҳо дорад. Ҳамзамон дар ин шуъба бо олами ҳайвоноти Тоҷикистон таввассути диорамаҳои «Помир», «Чилдухтарон», «Даштиҷум» ва «Бешаи Палангон» шинос шудан мумкин аст.

Ошёнаи 1

Шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна яке аз шуъбаҳои калонтарин дар Осорхонаи миллӣ ба шумор меравад, ки он дар ошёнаҳои якум ва дуюми осорхона ҷойгир шудааст. Дар ошёнаи якум намоиши шуъба аз харитаи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон оғоз меёбад. Ҳамзамон ёдгориҳои толорҳои намоишии ин ошёна оид ба бозёфтҳои мансуби “Асри санг” дар Тоҷикистон, деҳшаҳри Саразм, фарҳанги зардуштӣ, ҳунари кулолгарӣ ва императории Ҳахоманишҳо маълумот медиҳанд. Инчунин дар ошёнаи якум толори махсуси сиккашиносӣ (нумизматика)-и осорхона мавҷуд аст, ки маводи он ба таърихи пайдоиши сикка, пул ва коғазҳои қиматнок бахшида шудааст. Дар ин намоишгоҳ сиккаҳои аҳди ҳахоманишиҳо, юнону бохтарӣ (асрҳои II-III то м.), кушонӣ (асрҳои II то м.-IVмилодӣ), сосонӣ (асрҳои III-VII), бухорхудотӣ (асрҳои VIIVIII), сомонӣ (асрҳои IX-X), қарахонӣ (асри XI), чағатоӣ (асрҳои XII-XIII), темурӣ (асрҳои XIV-XV), манғитӣ (асри XIX)-ро дидан мумкин аст. Дар толорҳои дигари ин ошёна тамошобинон бо имитатсияи “Тахти Сангин”, давлатдории замони юнону бохтариҳо, Кушониён, Сосониён, Ҳайтолиён ва Панҷакенти қадим шинос мегарданд. Дар осорхона ёдгориҳои аз Панҷакенти қадим (асрҳои V-VIII) бозёфтгардида: деворнигораҳо, муҷассамаи сӯхтаи духтари раққоса, зарфҳои сафолӣ, порчаҳои сафолии тамғадор маҳфуз аст, ки осори мазкур аз гузаштаи пурифтихори ин маркази тамаддуни тоҷикон, ки дар олам бо номи “Помпеи Шарқ” маъруф аст, шаҳодат медиҳад. Дар идомаи ин толор бозёфтҳои ёдгории “Бунҷикат”, “Қалъаи Муғ” ва “Мероси хаттӣ” пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд. Дар толори мудаввар, ки он дар қабати аввали осорхона воқеъ аст, тамошобинон имкон доранд аз имитатсияи дайри буддоии “Аҷинатеппа” дидан намоянд.

Ошёнаи 2

Ошёнаи дуюми осорхона бо ёдгориҳои маҳфузмондаи замони Сомониён шурӯъ мешавад, ки дар толори намоиши мансуби ин давр ёдгориҳои аз қалъаи Ҳулбук ёфтшуда, намунаҳои сафолгарии мунаққашу катибадори асри Х, меҳроби чӯбии Искодар, кандакории болоичӯбии болооби Зарафшон, намунаи матоъпораҳо аз Бозордара, илму фарҳанги замони Сомониён ва давраҳои баъдӣ, кошиҳо, намунаҳои хушнависии аҷдодони тоҷикон дар санг, ҳунари мисгарӣ, лавозимоти ҳарбии ниёкон ва хушнависӣ дар рӯи коғаз ба тамошобинон пешниҳод шудаанд.

Дар толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарини осорхона ёдгориҳо ва экспонатҳо оид ба ҳаёти Тоҷикистони замони Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1917-1991) маҳфуз буда, оид ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) маълумот медиҳанд. Ҳамзамон дар ин шуъба дастовардҳои замони истиқлол, аз қабили сохтмони роҳҳо, нақбҳо, бунёди иншоотҳои замонавӣ тавассути экспонатҳо инъикос гаштаанд.

Дар Осорхонаи миллӣ толори махсуси тӯҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Тоҷикистон аз дигар мамолики олам эҳдошуда, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Ошёнаи 3

Толорҳои намоишии шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии осорхона оид ба жанрҳои гуногуни ин намуди санъат, чун портрет, пейзаж, натюрморт, триптих, ҳайкалтарошӣ ва санъати амалӣ-ороишӣ ба тамошобинон маълумот медиҳанд. Намоишгоҳи шуъбаи мазкур аз маҳсули эҷоди мусаввирони солҳои 1930 асри ХХ оғоз шуда, давра ба давра рушди ин намуди ҳунарро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос менамояд. Ҳамчунин дар толори хурди ин шуъба ҳунари кандакорӣ дар рӯи чӯб пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд, ки онҳо марбут ба асрҳои XX-XXI аз рушди он дар замони муосир дарак медиҳанд.