Рӯнамоии китоби тозанашри “Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ”
Рӯнамоии китоби тозанашри “Коллексияи Пешвои миллат дар
Осорхонаи миллӣ”
Имрӯз, 18.09.2026, дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии китоби тозанашри “Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ” баргузор гардид.
Дар кори чорабинӣ директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Азиззода Шуҳрат, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толибҷон, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шарифзода, доктори илмҳои таърихи кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарифзода Ҷамолиддин иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки бо таваҷҷуҳ ва ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат фонди Осорхонаи миллӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ ғанӣ гардида, барои нигоҳдории онҳо ҳамчун мероси миллӣ ва муаррифии сазовори таъриху тамаддуни тоҷикон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Китоби мазкур аз ҷониби мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар заминаи коллексияи нодири ашёи таърихию фарҳангие таҳия гардидааст, ки дар солҳои гуногун аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллӣ эҳдо шудаанд.
Мазмуни китоб фарогири осори арзишманди дорои аҳамияти баланди таърихию фарҳангӣ буда, намунаҳои нодири бозёфтҳои бостоншиносӣ, маводи сиккашиносӣ, шоҳкориҳои санъати тасвирию амалӣ, созҳои мусиқӣ ва дигар нигораҳои бебаҳои таърихиро дар бар мегирад.
Рӯйи чоп омадани китоби мазкур ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доираи васеи муҳаққиқон, мутахассисони соҳаи таърих, фарҳанг ва кори осорхонавӣ, инчунин ҳамаи дӯстдорони мероси фарҳанги миллӣ ҳадяи арзишманди ҷашнӣ маҳсуб меёбад.
Зимни рӯнамоии китоби тозанашри “Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ”, иштирокчиёни чорабинӣ аз “Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати шиносоӣ бо коллексияи нодири Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.
Зимни сайри осорхонавӣ, директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо меҳмононро бо туҳфаҳои Пешвои муаззами миллат, аз қабили осори иборат аз маводи тиллоӣ, нумизматикӣ, кандакории болои чӯб, санъати тасвирӣ ва дигар осори арзишманде, ки аз ҷониби намояндагон ва сарони кишварҳои хориҷӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ба Сарвари давлат эҳдо гардидаанд, шинос намуд. Таъкид гардид, ки ин туҳфаҳо на танҳо дорои арзиши баланди таърихию фарҳангӣ ва ҳунарӣ мебошанд, балки ҳамчун рамзи дӯстӣ, эҳтироми мутақобил, робитаҳои неки дипломатӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон арзиши хос доранд.
Соли 2004 бори нахуст дар собиқ бинои Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод “Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис ёфт. Дар ин толор 31 адад туҳфаи арзишманде, ки аз ҷониби сарони кишварҳои хориҷӣ ба Сарвари давлат эҳдо шуда буданд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ба муносибати ифтитоҳи бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2013 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, ба фонди ин муассисаи фарҳангӣ 1173 адад ёдгории нодири таърихӣ супорида шуд. Ин иқдомро метавон “Эҳдои аср” номид, зеро он нақши таърихиро дар ғанигардонии хазинаи осорхона бозид. Дар миёни ин осори гаронарзиш дафинаи нодири ашёи қадимаи тиллоӣ мансуб ба асри II то мелод, маҷмуаи сиккаҳои даврони Кӯшониён ва асрҳои миёна, инчунин сиккаҳои алоҳидаи тиллоии юнонӣ-бохтарӣ, кушонӣ, сомонӣ ва ғазнавӣ мақоми хос доранд.
Дар маҷмуъ, аз соли 1999 то соли 2026 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон 2755 адад ёдгориҳои таърихӣ ва намунаҳои нодири осори ҳунарӣ эҳдо гардидаанд, ки саҳми бузурге дар ҳифзу муаррифии мероси аҷдодӣ мебошад.


















