Навиди бостоншиносӣ: кашфи мӯҳри шоҳӣ – қадами нав дар омӯзиши таърихи аҳди Кушониён

Навиди бостоншиносӣ: кашфи мӯҳри шоҳӣ қадами нав дар омӯзиши таърихи аҳди Кушониён

   Дар натиҷаи корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносии мутахассисони Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ёдгории таърихии «Сайёд», воқеъ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, бозёфти нодир ва дорои аҳаммияти баланди илмӣ ба даст омад. Ин кашфиёт метавонад дар омӯзиши таърихи аҳди Кушониён дар минтақа марҳилаи навро оғоз бахшида, барои бознигарии бархе аз назарияҳо ва дидгоҳҳои мавҷуда заминаи боэътимоди илмӣ фароҳам оварад.

Бозёфти мазкур мӯҳри шоҳие мебошад, ки аз гили пухта сохта шуда, то имрӯз дар ҳолати комилан солим нигоҳ дошта шудааст. Мӯҳр ранги нахудӣ дошта, баландии он 5 см мебошад ва аз ду қисми асосӣ иборат аст. Қисми аввал дастаи мӯҳр буда, дорои сурохие барои гузаронидани ришта ва истифодаи осони он мебошад. Қисми дуюм, ки бахши асосии мӯҳрро ташкил медиҳад, шакли доира дошта, нисбат ба даста бузургтар аст.

Қисмати нақшдори мӯҳр дар дохили доирае бо қутри 6см ҳаккокӣ шудааст. Дар рӯйи мӯҳр тасвирҳо ба шакли вожгун ҷойгир гардидаанд, ки ин хусусияти маъмулии мӯҳрҳои расмӣ мебошад. Дар таркиби ин тасвирҳо катибаи бохтарӣ, нақшу нигори ҳандасӣ, нимпайкараи шоҳ бо тоҷи дандонадор, тасвири бузҳои кӯҳӣ, рамзҳои давлатдории шоҳони Кушонӣ, инчунин нишонаҳои марбут ба ҳокимияти шоҳони маҳаллӣ ва дигар унсурҳои рамзӣ мушоҳида мешаванд.

Арзиши илмии ин бозёфт пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки дар як мӯҳр маҷмӯи унсурҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ, хаттӣ ва бадеии давраи Кушониён таҷассум ёфтаанд. Ҳамгироии рамзҳои давлатдорӣ, катибаи бохтарӣ, тасвири шоҳи маҳаллӣ бо тоҷ ва дигар унсурҳои тасвирӣ ин бозёфтро ба яке аз намунаҳои нодири мероси фарҳангии минтақа табдил медиҳад.

Дар айни замон мӯҳри кашфшуда мавриди таҳқиқ, омӯзиш, рамзкушоӣ ва хониши илмии мутахассисони шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ қарор дорад. Пас аз анҷоми таҳқиқоти ҳамаҷониба, натиҷаҳои илмии он дар шакли мақолаи муфассал ба ҷомеаи илмӣ ва доираи васеи муҳаққиқони соҳаҳои таърих, бостоншиносӣ, забоншиносӣ, хатшиносӣ, санъати тасвирӣ, устурашиносӣ, рамзшиносӣ ва дигар бахшҳои марбут пешниҳод хоҳанд гардид.

Кашфи мазкур саҳми арзишманд дар омӯзиши таърихи давлатдории қадимаи тоҷикон ва тамаддуни аҳди Кушониён буда, аҳаммияти бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва осорхонавӣ дорад.