Мулоқот ва машварати корӣ оид ба баргузории намоиши “Тоҷикистон …

Мулоқот ва машварати корӣ оид ба баргузории намоиши “Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир” дар шаҳри Рим

Дар доираи сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Италия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи тамаддунҳо (Museo delle Civiltà) дар шаҳри Рим боздид ба амал оварда, ҷиҳати баррасӣ ва мувофиқаи масъалаҳои марбут ба омодасозӣ ва баргузории намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир» вохӯрии корӣ анҷом доданд.

Дар мулоқоти мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия муҳтарам Ҷамолиддин Убайдулло, директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо, директори Осорхонаи Тамаддунҳо муҳтарам Луана Тониоло, масъулини намоиш, аз ҷумла Мессимилиано А. Поликетти, иштирок намуданд.

Зимни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои асосии ташкилу баргузории намоиши байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷумла, масъалаҳои интихоби толорҳои намоишӣ, таҳияи консепсия ва тарҳрезии экспозитсия, интиқол, суғурта ва таъмини ҳифзи ашёҳои осорхонавӣ мутобиқи талаботи байналмилалӣ, ҷанбаҳои техникӣ ва татбиқи барномаҳои иттилоотию таблиғотӣ дар ҳудуди Рим муҳокима гардиданд.

Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба тартиби баргузории маросими ифтитоҳи расмӣ, омодасозии суханрониҳо ва дигар ҷузъиётҳо мувофиқа карда шуданд.

Ҷонибҳо аҳамияти намоиши мазкурро ҳамчун чорабинии муҳими фарҳангӣ таъкид намуда, онро омили мусоид дар самти муаррифии мероси ғании таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуданд.

Мулоқоти мазкур ҳамчун марҳилаи муҳим дар раванди омодасозии намоиши байналмилалӣ арзёбӣ гардида, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниосорхонавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.