Ифтитоҳи намоиши “Ҷилваи зан-модар дар олами рангҳо” дар Осорхонаи миллӣ

Ифтитоҳи намоиши “Ҷилваи зан-модар дар олами рангҳо” дар Осорхонаи миллӣ
 
Имрӯз, 05.03.2026, дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори бузургдошти “Рӯзи Модар” намоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Ҷилваи зан – модар дар олами рангҳо» ифтитоҳ гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии чорабинӣ директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Рустамова Зебуниссо Сангиновна – варзишгар, камонвари машҳури Тоҷикистон, барандаи медали биринҷии Бозиҳои 21-уми олимпии Монреал дар соли 1976 ва чемпиони чандинкаратаи ИҶШС, Шарифзода Мавлуда Ҳасан – муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раҳмонӣ Дилфуза – сармутахассиси раёсати ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба мақому манзалати зан-модари тоҷик ва саҳми онҳо дар рушди соҳаҳи гуногуни хоҷагии халқ суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки Зан-модар муқаддастарин мавҷуди рӯйи замин ва чароғи фурӯзони хонадон буда, сарчашмаи зиндагӣ аз ӯ оғоз меёбад. Арҷгузорӣ ба мақоми зан-модар ва пос доштани иззату эҳтироми ӯ вазифа ва қарзи ҳар як фарзанди бонангу номус аст.
Ҳамзамон, дар намоиш занону бонувон аз кумитаву идора ва муассисаҳои илмиву фарҳангии кишвар иштирок намуданд.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ зиёда аз 38 адад мусаввараҳо ва нимпайкараҳои нодир, ки маҳсули эҷоди рассомон ва муҷассамасозони маъруфи кишвар мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар нигораҳо ва нимпайкараҳо симои зан – модари тоҷик бо тамоми латофат, меҳрубонӣ ва шукӯҳи маънавӣ таҷассум ёфтааст.
Дар рафти намоиш тамошобинон имкон пайдо намуданд, ки бо осори эҷодкорони шинохтаи Тоҷикистон, аз қабили Раҳимов А. “Симои наттоқи телевизион Олимова Хосият”, Лисиков И. “Симои Малика Собирова”., Шипулин М. “Симои ҳунарпеша Туҳфа Фозилова”, Юсупов О. “Симои Гулрухсор Сафиева”, Ғаниев А. “Нимпайкари Л. Зоҳидова”, Иванов И. “Нимпакараи Иқболбӣ Нозимова” ва дигарон аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд.
Ҳадафи намоиш тавассути асарҳо инъикос намудани бузургии модар, бедор намудани эҳсоси муҳаббату эҳтиром нисбат ба занон ва муаррифии мероси гаронбаҳои мусаввирон ва ҳайкалтарошони кишвар дар ин мавзуи ҷовидона мебошад.
Намоиши «Ҷилваи зан – модар дар олами рангҳо» то 19 марти соли 2026 идома хоҳад ёфт.