Сада – Паёми нур аз умқи таърих
Сада – Паёми нур аз умқи таърих
Имрӯз, 30.01.2026 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори яке аз ҷашнҳои бостонии халқи тоҷик – Сада конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Сада – паёми нур аз умқи таърих» бо иштироки доираи васеи муҳаққиқони соҳа баргузор гардид.
Дар кори конфронс директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Ёқубов, директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Аминзода Абдулфаттоҳ, мудири шуъбаи фолклори институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИТ, номзади илмҳои филологӣ Маҷнунов Абдуламин, , ходими пешбари институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ, номзади илмҳои таърих Шовалиева Мумина, ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Наврузбеков Маснав ва сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Савриддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ҳамоиш ҳайати васеи кормандони Осорхонаи миллӣ, устодону донишҷуёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиши илмӣ-назариявӣ аз ҷониби олимону пажуҳигарон дар мавзуъҳои “Сада – муждарасони ҷашни Наврӯз”, “Сада – ҷашни миллӣ ва мардумӣ”, “Сада – ҷашни кишоварзони қадим”, “Тақвими ҷашни Сада дар Тоҷикистон (тибқи маводи мардумшиносӣ)”, “Ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихӣ” маърӯзаҳои илмӣ ироа гардиданд.
Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардумони ориётабор ба шумор рафта, моҳияти онро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил медиҳад. Ҷашни Сада дар Тоҷикистон расман охири моҳи январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Он ба охири чиллаи калон рост омада, муждаи наздикшавии анҷоми фасли зимистон ва сарморо медиҳад. Сада панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар гирифта, аз наздик омадани фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ хабар мерасонад.
Маврид ба зикр мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ барои пос ва гиромӣ доштани расму оин, урфу одат ва анъанаҳои ниёгони мо диққати махсус дода, пайваста таъкид менамояд, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Дар Паёми охири худ ба Маҷлиси олӣ Пешвои миллат зикр намуданд, ки воқеан, Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки 6 декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.
Дар охири чорабинӣ миёни иштирокчиёни конференсия дар мавзуи «Сада – паёми нур аз умқи таърих» муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт.













