Ифтитоҳи намоиши байналмилалии “Мероси фарҳангии осорхонаҳои …

Ифтитоҳи намоиши байналмилалии “Мероси фарҳангии осорхонаҳои миллии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай” дар Осорхонаи миллии Хитой

Имрӯз 27.08.2025 дар Осорхонаи миллии Хитой ба ифтихори баргузории ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай намоиши байналмилалии “Мероси фарҳангии Осорхонаҳои миллии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай” баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳ Муовини Вазири фарҳанг ва туризми ҶХХ – Гао Жэнг, Муовини котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай – Соҳайл Хон, директори Осорхонаи миллии Хитой – Луо Вэнли, Муовини директори Осорхонаи таърихии Ҷумҳурии Беларус – Олга Голоско, директори Осорхонаи миллии Қазоқистон – Берик Абжигалиули, Директори Осорхонаи таърихии Ҷумҳурии Қирғизистон – Жилдиз Бакашова, директори Раёсати бостоншиносӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии Покистон – Амонуллоҳ, Директори Осорхонаи давлатии таърихии Русия – Марина Чистякова, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Директори Оҷонсии ҳифзи мероси фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Баҳодир Абдикаримов иштирок ва суханронӣ намуданд.