Баргузории маҳфили “Ҳофизхонӣ” дар Осорхонаи миллӣ
Баргузории маҳфили “Ҳофизхонӣ” дар Осорхонаи миллӣ
Рӯзи 19.02.2025 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ маҳфили илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Ҳофизи Шерозӣ – ғазалсарои шаҳири тоҷик» баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (РТСУ) ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии маҳфил директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо роҷеъ ба ҳаёту эҷодиёти илмию адабии Хоҷа Ҳофиз суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки Ҳофизи Шерозӣ аз зумраи бузургтарин шоирони тоҷику форси асри XIV аст, ки бо гузашти чанд аср ғазалиёти дилкаши ӯ ҳамрозу ҳамрадифи мардумони гуногунқавму гуногунфарҳанг боқӣ мемонад. Дар Осорхонаи миллӣ нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангии девони Ҳофиз дар қатори пурарзиштарин осори таърихию фарҳангӣ ҳифз ва муаррифӣ мешаванд.
Сипас, аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ саҳнаи театркунонидашуда оид ба рӯзгори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва вохӯрии ӯ бо Амир Темур пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби ҷавонону наврасон ғазалҳо аз ашъори ноби Хоҷа Ҳофиз қироат карда шуд.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба наврасон ҷиҳати иштироки фаъол дар маҳфили зикргардида “Сипоснома”-и Осорхонаи миллӣ тақдим карда шуд.