Котиби Давлатии Ватикан аз Осорхонаи Миллӣ дидан намуд
Котиби Давлатии Ватикан аз осорхонаи Миллӣ дидан намуд
Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки айни замон дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе доир гардида истодааст, имконият фароҳам овард, ки имрӯз аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро ва ҳайати ҳамроҳонаш дидан намоянд.
Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса пешвоз гирифта, аз ҷониби роҳбалад ба онҳо сайри осорхонавӣ дар сатҳи баланди касбӣ баргузор карда шуд.
Зимни сайри осорхонавӣ дар толори пиряхҳо ва толори махсуси экспозитсионии шуъбаи табиати Осорхонаи миллӣ ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо аз наздик муаррифӣ карда шуда, меҳмонон иброз доштанд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон қадами устувор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб мераванд.
Шуъбаҳои Осорхонаи миллӣ аз қабили таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, ки ҳунармандӣ, либоспӯшӣ, тарзи зисти одамон, заргарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, мисгарӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар хосса тарзи зисту зиндагонии тоҷиконро дар давраҳои гуногуни таърих таҷассум мекунанд, писанди меҳмонон гардида, диққати онҳо ба шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик, ҳаёту рӯзғор, расму оин ва дигар анъанаҳои қадима, ки ба ин миллати соҳибтамаддун аз гузашта чун меъроси аҷдодӣ боқӣ мондааст, ҷалб гардид.
Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро ва ҳайати ҳамроҳонаш аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби қайди таассуроти “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшонро дарҷ намуданд.
Дар охир, ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим намуданд.