Боздиди иштирокчиёни “Чодари хаёл” аз Осорхонаи миллӣ
Боздиди иштирокчиёни “Чодари хаёл” аз Осорхонаи миллӣ
Рӯзи 25.10.2023 дар доираи Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” иштирокчиёни он аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.
Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул дар саҳни Муассиса пешвоз гирифта, аз ҷониби роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба онҳо сайрҳои осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Ба ин восита, меҳмонон бо таърихи куҳан, фарҳанги пурғановат, саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, табиати зебои Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои ҳаёти мардуми тоҷик аз наздик шинос гардиданд.
Ёддовар мешавем, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 28-уми октябри соли 2023 Ҳафтумин Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.