Вохӯрии директори Осорхонаи миллӣ бо сафири Покистон …
Вохӯрии директори Осорхонаи миллӣ бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон
26-уми сентябри соли 2023 директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунии робитаҳои осорхонаҳо ва дигар масъалаҳои мубрами дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимнан дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самтҳои гуногуни фаъолияти осорхонаҳои ду кишвар аз қабили боздиди мутахассисон аз осорхонаҳо, омодаву нашр намудани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳо ва иштирок дар намоишу чорабиниҳои осорхонаҳои ҳамдигар муҳокима карданд.
Маврид ба зикр мебошад, ки Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо мақсади беҳтару хубтар намудани фаъолияти ҳамарӯзаи хеш ва дар сатҳи шоиста муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги миллати тоҷик ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамояд.