Боздиди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қурбонов Баҳодур Низомович, ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст бо ҳайати ҳамроҳонаш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни бойю рангини миллати тоҷик шинос шуд.
Меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ бо забони русӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Шуъбаҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз қабили таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, ки ҳунармандӣ, либоспӯшӣ, тарзи зисти одамон, заргарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, хушнависӣ, мисгарӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар хосса тарзи зисту зиндагонии тоҷиконро дар давраҳои гуногуни таърих таҷассум мекунанд, писанди меҳмонон гардид.
Дар осорхона ба меҳмонон намунаи ёдгориҳои таърихӣ, аксу мусаввараҳои нодир, намунаи осори хаттӣ, ҳунарҳои қадима дар маҷмӯъ таъриху тамаддуни пурғановати мардуми тоҷик дар давраҳои гуногун муаррифӣ гардид. Диққати меҳмонон ба шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик, ҳаёту рӯзғор, расму оин ва дигар анъанаҳои қадима, ки ба ин миллати соҳибтамаддун аз гузашта чун меъроси аҷдодӣ боқӣ мондааст, ҷалб гардид.
Қурбонов Баҳодур Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баъд аз тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таассуроти нек дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон андешаҳои хешро дарҷ намуд.