Намоиши “Гулдӯзии тоҷикӣ – нодираи тамаддуни ҷаҳонӣ”
Рӯзи 14.11.2020, соати 10:00 ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Гулдӯзии тоҷикӣ – нодираи тамаддуни ҷаҳонӣ” намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид. Дар намоиши мазкур, аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон беҳтарин намунаҳои ин ҳунари мардумии тоҷикон, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъоварӣ шудаанд, пешкаши ҳамагон гаштанд.
Дар ин намоиш намунаҳои гулдӯзии тоҷикӣ аз қабили сузанӣ, деворӣ, зардевор, миёнбанд, болинпӯш, оинахалта, борпӯш, ҷойнамоз, рӯймол ва рӯйҷо бо нақшу нигори мухталиф ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Сӯзаниҳои ҳар як минтақаи тоҷикнишини Осиёи Миёна дорои хусусияти хос буда, аз ҳунари баланди ин навъи гулдӯзӣ дарак медиҳанд ва далели рушди ин ҳунар офаридаҳои ҳунармандони шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Қаратоғ, Конибодом, Кӯлоб, Панҷакент, Самарқанд, Бухоро, Шаҳритус, Бадахшон, Рашт, Ҳисор мебошанд, ки намунаҳои онҳо дар намоиш пешниҳоди тамошобинон гаштаанд.
Гулдӯзии тоҷикӣ ҳунари нафиси қадима буда, яке аз шаклҳои санъати амалӣ-ороишии мардумӣ ва қисми муҳими мероси фарҳанги умумибашарӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки намунаҳои волои гулдӯзии тоҷикиро дар аксари осорхонаҳои Тоҷикистон ва баъзе осорхонаҳои машҳури олам дидан мумкин аст. Дар нақшу нигори гулдӯзиҳои тоҷикӣ табиати ватани таърихӣ ва имрӯзаи мо, ҷаҳонбинӣ, анъана, афкори таърихӣ, зебопарастӣ, орзую омол, инчунин таъсири равандҳои таърихӣ ба ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти амалии мардум таҷассум ёфтаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ҷамъоварӣ, ҳифз ва омӯзиши ин ҳунари қадимаи тоҷикон аз соли 1951 таваҷҷуҳ зоҳир намуда, имрӯз дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон сӯзаниҳо аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҳифз карда мешаванд. Дар ин сӯзаниҳо табиати зебо ва рӯзгори хуши мардуми тоҷик инъикос карда шудааст, ки аз таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳанд.
Намоиши “Гулдӯзии тоҷикӣ – нодираи тамаддуни ҷаҳонӣ” аз 14.11.2020 то 15.12.2020 идома меёбад.