«Мисгарӣ – бозгӯи рамзҳо, эътиқод ва анъанаҳои мардумӣ» зери чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ва конфронси илмӣ баргузор гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш ва конфронси илмӣ дар мавзуи «Мисгарӣ – бозгӯи рамзҳо, эътиқод ва анъанаҳои мардумӣ» баргузор гардид.
Дар намоиш ва конфронси илмии мазкур директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Яқубов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон Усмонзода ва дигар утодон аз Донигоҳи миллии Тоҷикистон, инчунин аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ифтитоҳи намоиши мазкур директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуданд, ки “Миллати тоҷик чун миллати ҳунарманду тамаддунофар аз давраҳои қадим аз тамоми асрори табиат бохабар буда, дар офаридану сохтани воситаҳои рӯзғордорӣ қудрати бузурги ҳунармандӣ доштанд”.
Дар ин намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 400 адад зарфҳои мисии мунаққаш аз қабили лаълӣ, табақ, чойник, офтоба, кӯза, коса, обгир, рангдон, зермон, дастшӯй, обрез, шамъдон ва дигар намудҳои ҳунари мисгарӣ марбут ба давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик ба маъраз гузошта шудаанд. Осори ба намоишгузошташуда бори нахуст буда, дорои аҳамияти муҳими таърихӣ буда, далолат аз он мекунанд, ки миллати тамаддунофари тоҷик аз қарнҳои дури таърих пешаи ҳунармандӣ доштаанд.
Дар як гӯшаи намоиш аз ҷониби мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба иштирокчиёни раванди мавриди тармиму таҳким қарор гирифтани сиккаҳо ва дигар зарфҳои мисӣ нишон дода шуд.
Мисгарӣ яке аз касбҳои маъмули тоҷикон буда, нақшу нигори зарфҳои мисӣ таҷассумгари олами зебою рангини ҳунари тоҷикон мебошад, ки дар онҳо роз ва рамзи таъриху фарҳанги гузаштаи дурахшони ниёгон нуҳуфтааст.
Дар кори конфронси илмӣ доираи васеъи олимон, муаррихон, коршиносон ва донишҷӯён иштирок намуда, доир ба таърих ва паҳлуҳои гуногуни мисгарии халқи тоҷик андешаронӣ намуданд.
Намоиши «Мисгарӣ – бозгӯи рамзҳо, эътиқод ва анъанаҳои мардумӣ» аз 5 апрел то аввали моҳи майи соли 2021 идома ёфта, сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд аз намоиш дидан намуда, оид ба таърихи мисгарӣ маълумоти пурра гиранд.