Экспедитсияи бостоншиносии МД ОМТ дар ёдгории Ҳалқаҷари н. Хуросони вилояти Хатлон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар асоси Оинномаи муассиса ва Иҷозатномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.04.2020 барои идомаи таҳқиқи ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон экспедитсияи бостоншиносӣ ташкил намуд.
Ёдгории Ҳалқаҷар дар баландии 445 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, аз тарафи шимолу шарқ бо ҷариҳои калон иҳота шуда, аз тарафи ҷанубу ғарбиаш сой гузашта, шакли дарозруяро доро мебошад. Соли 1973 бо сардории Д. С. Раевский ва ҳамроҳии А. Абдуллоев, Д. Довудов дар ин ёдгорӣ ҳафриёт гузаронида шуда буд. Соли 2001 баъди кашфи ганҷинаи сиккаҳои тиллоӣ ва бо назардошти супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Академияи илмҳои Тоҷикистон бо сардории профессор Ю. Яқубов дар ин ёдгорӣ экспедитсия ташкил намуда буд. Соли 2014 бошад Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Шарифзода А.Қ. аввалин экспедитсияи мустақилонаи худро дар ҳамин ёдгорӣ оғоз намуд. Имсол тасмим гирифта шуд, ки осори меъморӣ ва қабатҳои бостонии ёдгорӣ пурра таҳқиқ гардида, то ба хоки дастнорасида (материк) бурда расонида шавад. Экспедитсияи бостоншиносии мазкур 23-уми апрел оғоз гардида, бо як қатор дастовардҳои назаррас 23 майи соли 2020 анҷом ёфт.
Маводи кашфшуда ва натиҷаҳои ковиш нишон медиҳанд, ки ёдгории бостонии Ҳалқаҷар дорои чандин давраи таърихӣ ва сохтмонӣ буда, мардумони ин маҳал аз ҳунари волои меъморӣ ва сохту сози манзилу мағораҳои дастканд бархурдор буданд. Дастовардҳои кашфшуда нишон медиҳанд, ки сокинони ёдгории бостонии Ҳалқаҷар дар канори манзил ва иморатҳои мавриди ниёз, ҳамчунин аз мағораҳои дастканд истифода карда, машғулиятҳои мутаъдиде ба монанди кулолгарӣ, ҳунармандӣ, чорводорӣ, маъдангудозӣ, оҳакпазӣ ва ғайраро доро буданд.
Маводи сохтмонии ҳуҷраҳо асосан аз хишти хом, санг, гач, лой ва похса буда, дар баъзе маврид барои пӯшиш додани сақфи ҳуҷраҳо аз қамиш истифода кардаанд, ки нишонаҳои он дар ҷараёни ковиш ба чашм расиданд. Давраҳои сохтмонӣ ва қабатҳои мадании ёдгории мазкур хеле печида ва мураккаб мебошанд. Зеро қадомати таърихи он ҳудуди 7 асрро дар бар мегирад ва ин амр боиси эъҷоди печидагиҳо дар қабатҳои маданӣ гардидааст.