Семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Ҳифз ва таҳкими ҳуҷҷатҳо дар махзанҳо
Рӯзи 7 декабри соли 2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Ҳифз ва таҳкими ҳуҷҷатҳо дар махзанҳо” ба кори худ шурӯъ намуд, ки то 10-уми декабр идома меёбад.
Бо ташаббуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон мудири бахши таҳкими пешгирикунандаи шуъбаи тармими фондҳои китобхонаҳои Саридораи таъмини ҳифзи фондҳои китобхонаҳои давлатии Россия Кашеев Алексей Анатолевич дар ҷараёни ин семинари омӯзишӣ дар мавзӯҳои ҳифзи ҳуҷҷатҳо; мафҳумҳои умумӣ; шароити нигоҳдории ҳуҷҷатҳо; ҳашароти зараррасони биологӣ; нуқси биологии ашёҳо ва чораҳои пешгирӣ кардани онҳо; ба эътидол овардани ҳуҷҷатҳо; нусхабардории ҳуҷҷатҳо; ташхиси махзани нигоҳдории китобҳо; инчунин тадбирҳои бехатарӣ дар раванди кор маърӯзаҳо менамояд.
Ҷиҳати иштирок дар семинари мазкур намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Осорхонаи таърихии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб ва дигар осорхонаҳои кишвар даъват гардидаанд.
Дар воқеъ, мероси хаттии тоҷикон (дар рӯи коғаз) ҳамчун сарчашмаи муҳимми таърихӣ дар омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи таърихи гузаштаи миллати тоҷик нақши басо муҳим ва калидӣ дорад. Он дар баробари муаррифгари бузурги таъриху фарҳанги миллати тоҷик, инчунин инъикосгари забон, хат ва ҳунарҳои волои китобдорӣ, хушнависӣ, коғазсозӣ, рангсозӣ, муқовасозии тоҷикон ва ниёгони тоҷикон мебошад, ки то ба замони мо намунаҳои гуногуни мероси хаттӣ боқӣ мондааст.
Имрўзњо дар осорхонаҳо, китобхонаҳо ва марказҳои махсуси кишвари азизамон, махсусан дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ, тармиму тақким, таҳқиқу омӯзиш ва муаррифии мероси хаттӣ ва оммавигардонии онҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар доираи семинари омӯзишӣ Алексей Анатолевич бо ҳамроҳии иштирокчиён аз шуъбаи тармим ва таҳкими Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо онҳо суҳбати касбӣ намуда, дар лабораторияи Муассиса ба мутахассисони соҳа раванди кор бо ҳуҷҷатҳоро нишон медиҳад.