Конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истиқлолият ва рушди забони тоҷикӣ»

Рӯзи 4 октябри соли 2021 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” ва “Рӯзи омӯзгор” дар мавзӯи «Истиқлолият ва рушди забони тоҷикӣ» конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсияи илмӣ роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, доираи васеи муҳаққиқону забоншиносон ва омӯзгорон иштирок намуда, дар мавзӯъҳои “Забон ва аҳамияти он дар партави гузоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, “Давраҳои таърихии инкишофи забони тоҷикӣ”, “Хусусиятҳои забонӣ ва услубии “Меъёр-ут-тадаюн”-и Аҳмад Махдуми Дониш”, “Хат ва таърихи он”, “Мақоми омӯзгор дар ҷомеаи имрӯза” ва “Саҳми занони суханвар дар замони Истиқлолият” маърӯзаҳои илмӣ ироа карда шуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.

Инчунин нашқи омӯзгор дар рушду густариши забони миллӣ ва мавҷудияти ҷомеаи мутамаддину соҳибфарҳанг, ки дар он муносибатҳои волои инсонӣ ва муоширати дуруст ба мушоҳида мерасад, хеле муҳим арзёбӣ карда шуд.

Имрӯзҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзу рушди забони тоҷикӣ ва касби омӯзгорӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад.

Ҳамзамон дар конференсия аз ҷониби кормандони Муассиса доир ба бузургдошти забони тоҷикӣ ва омӯзгор шеърҳо аз эҷодиёти шоирони машҳури кишвар низ қироат карда шуданд.

Дар охири конференсияи илмӣ бошад оид ба масъалаҳои муҳими илми забоншиносӣ миёни иштирокчиёни конференсия муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт.