Фестивали ҷумҳурияии “Сад ранги чакан”
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳурияии “Сад ранги чакан” баргузор гардид.
Дар Фестивали ҷумҳуриявӣ занони фаъоли роҳбарикунандаи сохторҳои гуногуни кишвар, ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.
Иштирокчиён нахуст аз намунаҳои гуногуни куртаи чакан ва дигар ашёҳои дорои нақшу нигори чакан дошта, ки ҳунари дастии ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошанд, дидан намуданд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Фестивали мазкур аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 200 адад намунаҳои гуногуни чакан ба маъраз гузошта шуд. албатта онҳо баёнгари таърихи қадима доштани чакан буда, ҷиҳати ошноӣ пайдо намудан аз намудҳои нодири гулдӯзию сӯзанидӯзӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода барои саҳми муносиб ва иштироки фаъолона дар ташкил ва баргузор намудани Фестивали ҷумҳурияии “Сад ранги чакан”, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, бо “Сипоснома”-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.