Идомаи форуми “Муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Россия”
Имрӯз дар Осорхонаи миллӣ форуми “Муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Россия”, ки дар доираи рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст, идома намуд.
Дар рӯзи дуюми форум муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Надежда Александровна Преподобная, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо, директорони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои ду кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар идомаи Форум Наталия Василевна Чечел – муовини директори Департаменти осорхонаҳо ва робитаҳои хориҷии Вазораи фарҳанги Федератсияи Россия, Шашкова Наталя Олеговна – директори Осорхонаи меъмории ба номи Шусева А.В., Баженова Лариса Вячеславовна – директори Осорхонаи марказии кино, Жукова Ирина Владимировна – директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии умумироссиягӣ, Корнеев Игор Валеревич – директори Осорхонаи давлатии таърихии ҳарбии Бородино ва Гритсенко Владимир Петрович – директори Мамнӯъгоҳи давлатии “Майдони Куликово” дар мавзуъҳои “Усулҳои муосири тарғиби коллексияи осорхонавӣ”, “Аз идеяҳо ба форматҳои нав: мо рӯзномаи фарҳангии минтақаҳоро ташаккул медиҳем”, “Истифодаи VR дар осорхонаҳо” ва ғайраҳо бо рунамо суханронӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки давоми ду рӯз дар форум мавзуъҳои муҳими соҳаи осорхонашиносӣ ва роҳҳои рушди ҳамкориҳо миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Россия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.