Робитаҳо бо Корея тақвият меёбанд
Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ муовини директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Наимзода Дилором бо директори Маркази илмии тармим (консерватсия)-и мероси фарҳангӣ (CHCSC)-и Институти миллии тадқиқотии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (NRICH) хонум Ҷионг Соёнг вохӯрӣ намуд.
Ҷонибҳо аз вохӯрии нахустин миёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва CHCSC изҳори хушҳолӣ намуда, роҳҳои мубодилаи тадқиқотҳо оид ба деворнигораҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина оид ба ҳолати нигоҳдории деворнигораҳои Панҷакенти қадим дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо роҳҳои макроскопӣ, аксбардорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ тадқиқот сурат гирифта, тақвияти мубодилаи таҷриба бо шуъбаи тармим ва консерватсияи муассисаҳо муҳим арзёбӣ гардид.