Ифтитоҳи намоиши “Кандакорӣ – ҷавҳари санъати ороишӣ-амалии ниёгон”
Рӯзи 07.04.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши асарҳои санъати кандакории руйи чӯб таҳти унвони “Кандакорӣ – ҷавҳари санъати ороишӣ-амалии ниёгон” баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ҳамчунин донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Аҳлиддин Ибодуллозода дар суханронии хеш зикр карданд, ки таърихи рушди ин навъи ҳунар бо таърихи рушди фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ ва тамаддуни халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад. Зимнан қайд намуданд, ки ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан, Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди ҳунарҳои миллии тоҷикон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст, ки дар натиҷа як қатор муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатии кишвар бо истифода аз ҳунари волои кандакорӣ оро дода шудааст.
Дар намоиши мазкур зиёда аз 40 адад осори кандакорӣ аз хазинаи тиллоии фонди Осорхонаи миллӣ ки он осори кандакории ҳунармандони маъруфи тоҷик ба мисли “Зани кашидадўз”, “Духтар бо кабутар” “Симои зани рубобнавоз” ва “Ҷавонӣ”-и Нуриддинов С.; “Симои А.Сино”, “Наво” ва лавҳаҳои наққошии Яҳёев А., “Боғбон” Мирсаидов С., “Камарбанди сулҳ” Ҳайдаров Т., “Гулҳои Душанбе” Ҷумаев Х., “Рақси товус” Буриев С., “Симои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон” Маъруфӣ Манучеҳр, мизҳои кандакории Баротбеков Ю. ва дигарон ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Намоиши “Кандакорӣ – ҷавҳари санъати ороишӣ-амалии ниёгон” то 25.04.2022 идома меёбад.