Осорхона дар рақамҳо

Экскурсия – шакли асосии фаъолияти оммавии осорхона буда, ба воситаи он фаъолияти пурсамари кормандони осорхона, ки дар экспозитсия пешкаш шудааст, пурратар муаррифӣ мегардад.


Дар Осорхонаи миллӣ тамошобинон имкон доранд ба воситаи экскурсия оид ба таърихи куҳану фарҳанги пурғановат, табиати нотакрор, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ва умуман бо тарзи зисту зиндагонӣ, анъана, урфу одат, қаҳрамонию ҷонисориҳои фарзандони миллати тоҷик ва саҳми онҳо дар рушду равнақи соҳаҳои гуногун дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ, инчунин дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳони маънавии хешро ғанӣ намоянд.
Тамошобинон дар нимсолаи якуми 2025 – 58 321 нафарро ташкил дода, аз ҷумла 5 494 нафар хориҷӣ мебошанд.


Дар нимсолаи якуми 2025 роҳбаладони Осорхонаи миллӣ ба 10 698 нафар тамошобинон (7 525 дохилӣ, 3173 хориҷӣ) 1 218 экскурсия (515 экскурсияи дохилӣ, 703 экскурсияи хориҷӣ) доир намудаанд.

Дар нимсолаи якуми 2025 намояндагони 43 кишвари олам аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ дидан намудаанд.

Ҷолиб

Осорхона дар рақамҳо (2025)

100
Намоишу чорабиниҳо
0
Шумораи умумии тамошобинон
0
Тамошобинони хориҷӣ
100
Шумораи экскурсияҳои хориҷӣ
0
Намояндагони кишварҳои хориҷӣ
0
Шумораи умумии экскурсияҳо