Ташрифи Президенти Муғулистон ба Осорхонаи миллӣ
Ташрифи Президенти Муғулистон ба Осорхонаи миллӣ
Имрӯз 24.07.2025 Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дар доираи сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати шиносоӣ бо таъриху тамддуни куҳанбунёди халқи тоҷик ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд.
Меҳмони олиқадрро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва директори “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо дар саҳни муассиса истиқбол гирифтанд. Дар доираи боздид ба меҳмонон сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ аз ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.
Ҳамин тариқ, Президенти Муғулистон ҷаноби Ухнаагийн Хурэлсух аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ навишта кард.