Таҷлили Рӯзи Президент дар Осорхона миллӣ
Рӯзи 16.11.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Президент” чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аҳли кормандони Осорхонаи миллӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии хеш оид ба аҳамияти баргузории Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Пешвои муаззами миллат дар ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои он ибрози назар намуд.
Дар ин рӯз, бори нахуст мусаввараи офаридаи Рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров, ки симои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар манзараи Нерӯгоҳи барқии обии Норак тасвир намудааст ва ба тозагӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардидааст, ба намоиш бароварда шуд.
Инчунин тавассути телевизионҳои фаъоли Осорхонаи миллӣ филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ”, ки ба ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, пешниҳоди тамошобинон гардонида шудааст.
Аз ҷониби ходимони илмии муассиса ба иштирокчиёни чорабинӣ дар намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ, ки ба ифтихори 30-юмин солгарди “Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” ифтитоҳ гардидааст, ҳамчунин дигар толорҳои осорхона сайрҳои илмӣ баргузор карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 16 ноябри соли 2022 дар Осорхонаи миллӣ “Рӯзи дарҳои кушод” эълон гардидааст. Тамошобинон имкон доранд, имрӯз то соати 18:00 ба таври ройгон аз ҳамаи толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ дидан намоянд.
Марҳабо ба Осорхонаи миллӣ дар “Рӯзи Президент”!
Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон – Фаридун Кенҷаев