Семинари ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ омили рушди сайёҳии кишвар»

Рӯзи 18-уми апрели соли 2019 бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ омили рушди сайёҳии кишвар» семинари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва ВАО-и кишвар дар семинари мазкур иштирок намуданд.

Дар семинари ҷумҳуриявӣ мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Сафолзода Муҳаммадӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Каримзода ва директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода дар мавзӯи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ омили рушди сайёҳии кишвар суханронӣ намуданд.

Дар анҷоми семинари ҷумҳуриявӣ кормандони соҳавӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои хизматҳояшон бо нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.