Рӯнамои китоби “Пешвои миллат ва рушди осорхонаҳо дар Тоҷикистон”

Рӯнамои китоби “Пешвои миллат ва рушди осорхонаҳо дар Тоҷикистон”

14.11.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамои китоби “Пешвои миллат ва рушди осорхонаҳо дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар кори рӯнамоии китоби мазкур директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Панҷшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи А. Рӯдакии шаҳри Панҷакент Мизробзода Мақсудҷон, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Пӯлотов Абдураҳмон ва директори Осорхонаи таърихӣ кишваршиносии ноҳияи Файзобод Салимзод Робия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ҳамоиш омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Иштирокчиён доир ба фаъолияти гуногунҷабҳаи осорхонаҳои кишвар дар замони соҳибистиқлолии кишвар ва мазмуну муҳтавои китоби “Пешвои миллат ва рушди осорхонаҳо дар Тоҷикистон” ибрози андеша намуданд.
Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳмонон ва муаллифони мақолаҳо, ки аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ташриф оварда буданд, китоби тозанашри “Пешвои миллат ва рушди осорхонаҳо дар Тоҷикистон” тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки китоби мазкур муҳимтарин навиди фарҳангӣ барои тамоми ходимони илмии осорхонаҳои ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, зеро дар он роҷеъ ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду ташаккулёбии осорхонаҳои кишвар ва дигар фаъолиятҳои умдаи осорхонаҳо маълумоти муҳимми илмиву маърифатӣ пешниҳод гардидааст.
Бояд гуфт, ки китоби “Пешвои миллат ва рушди осорхонаҳо дар Тоҷикистон” бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардидааст, ки он фарогири мақолаҳои илмӣ-маърифатии мутахассисони соҳаи осорхонашиносӣ ва роҳбарону кормандони осорхонаҳои кишвар мебошад. Китоби мазкур роҷеъ ба дастовардҳои самти осорхонашиносӣ дар солҳои истиқлолияти давлатӣ низ маълумоти муфидро барои доираи васеи мутахассисони соҳаи осорхонашиносӣ, таъриху фарҳанги миллӣ ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии ҷумҳурӣ манзур менамояд.