Қоидаҳои рафтори тамошобинон

1) ҚОИДАҲОИ РАФТОРИ ТАМОШОБИНОН ДАР ОСОРХОНА

1.1. Ворид шудани тамошобинон ба толорҳои намоишии осорхона ҳангоми ба нуқтаи назоратӣ пешниҳод намудани чиптаи осорхона сурат мегирад;

1.2. Барои харидории чиптаи имтиёзнок аз ҷониби тамошобин ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод карда мешавад;

1.3. Чиптаро тамошобин бояд то аз дохили осорхона берун омадан ҳифз намояд;

1.4. Фаъолияти экскурсионӣ дар толорҳои намоишӣ тавассути роҳбаладони осорхона амалӣ мешавад;

1.5. Аксбардорӣ ва сабти наворҳо дар толорҳои намоишӣ ба тамошобинон ҳангоме иҷозат дода мешавад, ки агар онҳо чиптаи махсус дошта бошанд.

2) БА ТАМОШОБИНОН ИҶОЗАТ ДОДА НАМЕШАВАД:

 2.1. Ба толорҳо овардани:

а) силоҳҳои оташфишон ва сард;
б) сумкаҳои калон, пакет ва дигар бағоҷи дастии андозаашон аз 20х30 см бузург, сумкаҳои варзишӣ, хоҷагидорӣ, портфель, ҷомадон, сумка-рюкзак, ашёҳои калонҳаҷм, чатр, пакетҳои нимэтилении ношафоф, либоси болоӣ (куртка, нимпалто, боронӣ, каллапушҳо);
в) маҳсулоти хӯрока;
г) маводи зуддаргиранда ва тарканда.

2.2. Ба осорхона бо ҳайвонот омадан;

2.3. Истифодаи маҳсулоти тамоку дар бинои осорхона.

2.4. ворид шудан ба осорхона дар ҳолатҳои зерин манъ мебошад:

а) Сархушӣ аз шароб ва дигар маводи мадҳушкунанда;
б) Бо либоси болоӣ.

2.5. Дар ҳудуди осорхона ворид шудан ба минтақаҳои барои тамошобинон мамнуъ, гузаштан аз занҷирҳои муҳофизатӣ, дохил шудан ба ҳуҷраҳои хизматӣ;

2.6. Даст расонидан ба экспонатҳо ва витринаҳое ки дохили онҳо ёдгориҳои таърихӣ гузошта шудаанд;

2.7. Машғул шудан ба фаъолияти тиҷоратӣ;

2.8. Бе зарурат бо овози баланд гап задан ва давидан дар толорҳои намоишии осорхона.

2.9. Гузаронидани экскурсияҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ, чипта тақсим намудан, фуруши маҳсулот ва амалӣ намудани дигар намуди фаъолияти тиҷоратӣ бе иҷозати хаттии роҳбарияти осорхона;

2.10. Истифодаи телефонҳои мобилӣ дар дохили толорҳои намоишӣ;

2.11.Ҳангоми дар бинои осорхона мушоҳида намудани ашёи шубҳанок аз қабили сумка, буғча ва ғ. тамошобинон бояд фавран ба нигоҳбонҳо, намояндагони Хадамоти амниятӣ, навбатдор ё дигар кормандони осорхона хабар диҳанд;