Нахустин намоиши Осорхонаи миллӣ дар Британияи Кабир
Нахустин намоиши Осорхонаи миллӣ дар Британияи Кабир
Муассисаи давлатии “Осорхона миллӣ” ба ифтихори арҷгузории мероси ниёгон, муаррифии мероси гаронбаҳои таърихӣ, ки дар фонди тиллоии муассиса маҳфузанд, баргузории намоишҳои байналмилалиро ба роҳ мондааст. Тариқи баргузории намоишҳои гуногунмазмун аз фонди Осорхонаи миллӣ мероси гаронбаҳои тоҷикон ва ниёгони онҳо то имрӯз дар осорхонаҳои Фаронса, ИМА, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Россия ва дигар кишварҳо муаррифӣ гаштаанд. Мутахассисони Осорхонаи миллӣ шуруъ аз соли 2022 бо ҳамкасбон – кормандони осорхонаи Британияи Кабир ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ монда, дар натиҷаи музокираҳо ва вохуриҳои маҷозӣ ба чунин мувофиқа расиданд, ки муаррифии ёдгориҳои Тоҷикистон дар доираи намоиши “Роҳи бузурги абрешим”, ки аз 26 сентябри соли 2024 то 23 феврали соли 2025 дар осорхонаи Британия баргузор мегардад амалӣ карда шавад. Аз фонди МД “Осорхонаи миллӣ” экспонатҳои марбут ба фарҳанги буддоии асрҳои VII – VIII, ки аз ёдгориҳои Аҷинатеппа, Кофарниҳон, Вахш бозёфт гардидаанд барои намоиш интихоб шуда, дар намоишгоҳ гузошта хоҳанд шуд. Дар 93 соли фаъолияти осорхонавии Тоҷикистон чунин намоиш маротибаи аввал дар Британияи Кабир баргузор мегардад.
Боиси ёддошт мебошад, ки дар фонди МД “Осорхонаи миллӣ” навъҳои гуногуни осори бостоншиносӣ, мероси хаттӣ, сиккашиносӣ, санъати ороишӣ-амалӣ, тасвирӣ, муҷассамасозӣ, мардумшиносӣ, намудҳои гуногуни олами ҳайвонот ва набототи ин сарзамини бостонӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ мешаванд. Танҳо давоми нимсоали якуми соли 2024 аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ намояндагони 41 давлатҳои дунё дидан намудаанд.