Машварати корӣ бо бостоншиносони байналмилалӣ …

Машварати корӣ бо бостоншиносони байналмилалӣ

Рӯзи 28.07.2024 роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо муҳаққиқон ва бостоншиносони шинохтаи ҷаҳонӣ, Павел Борисович Луре — сардори экспедицияи бостоншиносӣ дар Панчакент аз ҷониби Россия, Алексей Гаврилович Аккулов – муҳаққиқи мустақил, топограф, меъмор ва Викентий Александрович Паршуто — бостоншиноси Институти таҳқиқотии дунёи кадим – Нью-Йорк машварати корӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни мулоқоти корӣ масъалаҳои ташкили экспедитсияҳои бостоншиносии муштарак, тармим ва бозсозии ёдгориҳои таърихӣ, ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва омода намудани мутахассисони ҳирфавӣ мавриди баррасии ҳарду ҷониб қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки аз санаи 11.07.2024 дар асоси иҷозатномаи мақоми ваколатдори соҳа – Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон экспедитсияи муштараки Осорхонаи миллӣ ва Эрмитажи давлатӣ дар мавзеи Куҳначанори шаҳри Панҷакент баргузор гардида, корҳои бостоншиносӣ идома доранд.