Конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Парчам – рамзи давлатдорӣ, иттиҳод ва ҳамбастагӣ»

Рӯзи 23.11.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Парчам – рамзи давлатдорӣ, иттиҳод ва ҳамбастагӣ» баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, устодону донишҷуёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аҳли кормандони Осорхонаи миллӣ ширкат намуданд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар сухани ифтитоҳии хеш иштирокчиёни конференсия ва дар симои онҳо тамоми мардуми тоҷикро ба “Рӯзи Парчам” табрик намуда, баён доштанд, ки парчам ва парчамдорӣ дар фарҳанги давлатдории тоҷикон таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он ифодагари сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва бақои давлату миллати тоҷик мебошад.

Дар конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявии мазкур олимону муаррихон ва коршиносон дар мавзуъҳои “Таърихи парчам – таърихи миллат”, “Дирафш: Аз зуҳури родон то муқаддасоти миллӣ”, “Тасвири дирафш дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ”, “Оини парчамдории ниёгон”, “Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ”, “Парчам дар осори бостоншиносӣ”, “Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун муҳимтарин рамзи давлатдорӣ” маърӯзаҳо намуданд.

Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки даврони навини давлатдории миллати тоҷик дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллат оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард.

Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон – Фаридун Кенҷаев