Кашфи зевари тиллоӣ аз ёдгории Ҳалқаҷар
Кашфи зевари тиллоӣ аз ёдгории Ҳалқаҷар
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқу омӯзиш ва кашфи осори нодири таърихӣ аз ёдгориҳои бостонии ҳудуди кишвар мебошад.
Яке аз чунин ёдгориҳои машҳури замони кушониён, ки дар ноҳияи Хуросони Вилояти Хатлон воқеъ аст – ёдгории Ҳалқаҷар мебошад. Дар ин мавзеъ ҳафриётҳо солҳои 1958, 1973, 1981 аз ҷониби бостоншиносон Зеймал Т.И. Литвинский Б.А. ва Седов А.В. гузаронида шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ ин ёдгориро соли 2001 академик Юсуфшоҳ Яъқубов ва солҳои 2014 ва 2020 мутахассисони Осорхонаи миллӣ мавриди омӯзиш қарор дода, осори гуногуни таърихиро пайдо намудаанд.
Дар идомаи корҳои бостоншиносӣ аз санаи 01.06.2024 то 10.06.2024 сармутахассиси шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии муассиса Бобомуллоев Муҳсин дар асоси иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ – Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ёдгории таърихии Ҳалқаҷар, ки дар деҳаи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон ҷойгир аст, ҳафриёти бостоншиносӣ баргузор намуд.
Дар натиҷаи ҳафриёт, аз ин мавзеъ дахма кашф гардид, ки аз он осори гуногуни таърихӣ, ба монанди зарфҳо ва чароғи сафолӣ, дӯки бофандагӣ, оинаи биринҷӣ, сиккаҳои мисӣ, ашёи оҳанӣ ва зевари тиллоӣ бозёфт гардид. Осори бозёфтшуда мансуб ба замони давлатдории Кушониён (асрҳои II пеш аз мелод III мелодӣ) буда, аз рушди ҳунарҳои кулолгарӣ, мисгарӣ ва заргарӣ дар он даврон гувоҳӣ медиҳанд.
Албатта, таҳқиқу омӯзиши ин ёдгории нодир, ки то ҳол мавриди омӯзиши густурда қарор нагирифтааст, дар оянда имконият медиҳад, ки саҳифаҳои нави таърихи миллати тоҷик кушода ва дастраси мардуму аҳли илм гарданд.