Хониши сиёсӣ
Хониши Сиёсӣ
Санаи 07.02.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши илмӣ-сиёсӣ таҳти унвони “Худшиносии миллӣ – омили пойдории суботи сиёсӣ ва истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид.
Дар нишасти мазкур роҳбарият ва ҳайати кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён роҷеъ ба пос доштани истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллии кишвар, ҳамзамон масоили нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии дар қаламрави кишвар мамнуъшуда, изҳори назар карда шуд.