Форуми фарҳангӣ: Тоҷикистон – Россия муколамаи байнифарҳангӣ ва фазои умумии башардӯстона
Рӯзи 10.12.2022 дар доираи Форуми фарҳангӣ: Тоҷикистон – Россия муколамаи байнифарҳангӣ ва фазои умумии башардӯстона дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” намоиш ва ҷаласаи пленарӣ баргузор гардид.
Дар кори онҳо муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумиҳурии Тоҷикистон Назариён Обид, муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Надежда Преподобная, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев Семён, директори Осорхонаи давлатии мардумшиносии Федератсияи Россия Юлия Купина, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар дӯстдорони фарҳанги ду ҷониб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар доираи форум дар Осорхонаи миллӣ намоиши Осорхонаи давлатии мардумшиносии Россия таҳти унвони “Ҷаъбаи ҷавоҳирот. Зебу зиннати анъанавии халқҳои Россия ” ифтитоҳ гардид, ки бо истифода аз суратҳо ҳунари заргарӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида шудааст. Маҳз ба воситаи чунин намоишҳо мардумони ду кишвар имкон доранд, аз робитаи анъанаҳои ниёгони худ огоҳ шуда, заминаи муосидро барои густариш додани он дар замони муосир ва мерос ба наслҳои оянда фароҳам намоянд.
Дар ҷаласаи пленарӣ иштирокчиён аз ду ҷониб дар мавзуҳои марбут ба фарҳанг ва муколамаи байнифарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия суханронӣ намуда, онро яке аз омилҳои муҳими боз ҳам наздиктар гардидани муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо номиданд.
Маврид ба зикр аст, ки соли ҷорӣ аз истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 30 сол сипарӣ гардид ва баргузории ин чорабиниҳо дар тақвияти муносибатҳои фарҳангии ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Намоиши Осорхонаи давлатии мардумшиносии Россия дар Осорхонаи миллӣ то рӯзи 24 декабри соли 2022 идома менамояд.