Таҷлили “Рӯзи забон” дар Осорхони миллӣ
Таҷлили “Рӯзи забон” дар Осорхони миллӣ
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор намуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кишварҳои иштирокчии Намоиши 11-уми байнамилалии “Китоби Душанбе” – Россия, Эрон, Узбекистон, Туркманистон, Туркия, Ҳиндустон ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ зикр намуд, ки дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо – тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад. Зимнан забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.
Дигар иштирокчиён дар навбати хеш қайд намуданд, ки забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар буда, миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро маҳз бо забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Ҳамчунин забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёӣ мебошад.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён ва сарояндагон дар васфи забон, Ватан ва Истиқлоли давлатӣ шеъру сурудҳо қироат карда шуданд.