Таҷлили 30-солагии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО
Имрӯз 11.08.2023 бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сазовор таҷлил намудани 30-солагии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои марбута иштирок намуданд.
Иштирокчиён зимни суханрониҳои хеш аз дастовардҳои 30-соли ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО ибрози андеша намуда, ворид шудани “Саразм”, “Боғи миллии Тоҷикистон”, “Шашмақом”, “Фалак”, “Наврӯз”, “Латифаҳои Хоҷа Насриддин” ва амсоли инҳоро ба Феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО аз муҳимтарин комёбиҳо баён намуданд.
Вобаста ба дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ дар самти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар ҳамоиш ҳунари чакандузӣ, адрасбофӣ, дастархони ҳафтсин ва ҳафтшин ҳамчун рамзи Наврӯз, шамшмақомхонӣ, фалаксароӣ, оши палав ва абрешимбофӣ бо тариқи зинда муаррифӣ шуданд. Ҳамзамон бо иштироки ҳунармандони касбии театрҳои кишвар саҳначаҳои театркунонидашуда оид ба Абурайҳони Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва латифаҳои Хоҷа Насриддин пешниҳоди иштирокчиён гардид.
Ҳамчунин дар намоиш асарҳои миниатюрии Сарвиноз Хоҷаева, мусаввараҳои кӯдакони шаҳри Ваҳдат ва осори марбут ба ҳунари кулолгарӣ ба маърази тамошо бароварда шуданд. Дар бахши фарҳангии намоиш аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Ҳисор суруди “Биё равем чойхона” ва аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Душанбе навозиши ғижак садо дод.
Зимнан меҳмонони намоиш аз гӯшаи Саразм ва имитатсияи ёдгории шаҳраки “Тахти сангин”, ки ба муносибати таҷлили 2500-солагии ин обидаи таърихӣ дар Осорхонаи миллӣ ифтитоҳ гардидааст, дидан намуданд.
Бояд зикр намуд, ки аз давраи ба ЮНЕСКО шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ гашт ва дар ин муддат Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО таъсис дода шуд. Ин тадбир замина гузошт то ба имрӯз як қатор осори таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристҳои ин ниҳоди ҷаҳонӣ ворид карда шаванд. Ва ҳамаи он сертификатаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30-сол аз ЮНЕСКО ба даст овардааст, дар ин ҳамоиш пешниҳоди ҳозирин ва тамошобинони Осорхонаи миллӣ гардонида шуд.