Ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи Модар

Имрӯз 06.03.2025 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори гиромидошти “Рӯзи Модар” намоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Дастовардҳои занони олима ва ҳунарманди Тоҷикистон » баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии чорабинӣ директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримова Гулзира, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағоймуродзода Санифа ва намояндаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Акбар Абдулло роҷеъ ба мақому манзалати зан-модари тоҷик ва саҳми онҳо дар рушди соҳаҳи гуногуни хоҷагии халқ суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки Зан – модар ягона фариштаи рӯи замин аст, ки зиндагӣ аз ӯ сарчашма мегирад. Ҳурмату эҳтироми модар, ба қадри заҳматҳои содиқонаи модар расидан ва донистани қадру қимати модар вазифа ва қарзи ҳар як фарзанд ба шумор меравад. Дар фасли баҳор таҷлил намудани Рӯзи модар, ҳам аз шарофату бузургиии модар сарчашма мегирад.
Ҳамзамон, дар намоиш занону бонувони кумитаву идора ва муассисаҳои илмиву фарҳангии кишвар иштирок намуданд.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ зиёда аз 33 адад ҳуҷҷатҳо ва грамотаҳои фахрие, ки олимаҳо, варзишгарзанон ва табибон дар солҳои гуногун сазовор шудаанд, ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Ҳамзамон, офаридаҳои рассомонои машҳури Тоҷикистон, ки инъикосгари симои зан-модари тоҷик мебошанд, ба монанди Лисиков И. – “Симои варзишгар Зебинисо Рустамова”, Раҳимов А. – “Симои Ҳакимова София.” Шипулин М. – “Симои Тӯтӣ Ғафорова”, Зубреева М. – “Симои Туҳфа Фозилова”, инчунин маҳсули дасти бонувони ҳунарманди қолинбоф Ашурова Л. – “Баҳор дар кӯҳсор”, Сафарова С. – “Тасвири моҳӣ” Ятимова М. – “Тирамоҳ” ва намунаҳои ҳунари кулолгарӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд.
Намоиши “Дастовардҳои занони олима ва ҳунарманди Тоҷикистон” то 20 марти соли 2025 идома меёбад.