Оғози тренинги байналмилалии омӯзишӣ зери …
Оғози тренинги байналмилалии омӯзишӣ зери унвони “Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)”
Рӯзи 18.09.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” тренинги байналмилалии омӯзишӣ зери унвони “Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)” ба кори худ оғоз намуд.
Ин тренинг бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дар якҷоягӣ бо Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) ва шарикии Институти миллии тадқиқотии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (NRICH) ва Маъмурияти мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (CHA) бори нахуст дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна аз 18 сентябр то 6 октябри соли 2023 баргузор мегардад.
Дар ифтитоҳи тренинги байналмилалӣ роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ ва намояндагони кишварҳои Ҷопон, Дания, Малайзия, Сингапур, Филиппин, Ҳиндустон, Бруней, Бангладеш, Бразилия, Миср, Кения, Урдун, Покистон, Фаластин, Гвинеяи Нав, Тайланд, Узбекистон ва Сербия иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо дар сухани ифтитоҳии хеш зикр намуд, ки дар заминаи сиёсати фарҳангпарварона ва дастгириҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ гардид. Ин дастоварди беназири соҳаи осорхонашиносии мамлакат имкон медиҳад, ки мутахассисони ҷавони соҳаи осорхонашиносӣ аз зумраи тармимгарон, таҳкимгарон, бостоншиносон, дизайнерон ва дигар бахшҳои ин соҳа дар курсҳои кӯтоҳмуддати байналмилалӣ иштирок намуда, донишу таҷрибаи тахассусии хешро мукаммал гардонанд.
Дар ин замина, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” тавонист дар як муддати хеле кӯтоҳ дар якҷоягӣ бо Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) бори нахуст дар кишвар чунин тренинги байналмилалии омӯзишӣ ташкил намояд.
Тренинг тавассути лексияҳои сатҳи баланди интерактивӣ, машғулиятҳои амалӣ, аз ҷумла кори гурӯҳӣ ва боздидҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, иштироки кормандони бахшҳои гуногун ва фарҳангҳои мухталиф муҳити мусоиде фароҳам меорад, то муошират ва иштироки муассир таъмин гардад. Дар давоми тренинг бо истифода аз захираҳои мавҷуда ва ташаббусҳои дахлдор алоқамандӣ миёни илм ва нигоҳубини коллексияҳо дар заминаи маҳаллӣ омӯхта мешавад.
Дар тренинг ширкаткунандагон дар мисоли муассисаҳои худ сатҳу раванди омӯзиш, табодули таҷрибаҳои дахлдори кишварҳои худ, пешниҳоди лоиҳа оид ба беҳтар намудани нигоҳубини коллексияҳо ва устуворӣ дар муассисаҳои худро, ки тавассути истифодаи усулҳои илмӣ амалӣ мегарданд, баён менамоянд.
Тренинги мазкур саводнокии илмӣ, иқтидори иштирокчиён ва муассисаҳои онҳоро баланд бардошта, ба онҳо имкон медиҳад, то падидаҳои марбут ба харобшавиро, ки ба коллексияи мероси онҳо таъсир мерасонанд, дарк ва устуворона идора намоянд.
Маврид ба зикр мебошад, ки дар доираи тренинги байналмилалӣ мутахассисони ботаҷриба аз кишварҳои Ҷопон, Дания, Малайзия ва Сербия ба иштирокчиён машғулият мегузаронанд.