Оғози даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани …
Оғози даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар Осорхонаи миллӣ
Имрӯз 26.09.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз рӯйи номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн бо иштироки доираи васеи ғолибони даври вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оғоз гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии озмун муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо ва ҳайати комиссияи озмуни мазкур иштирок намуда, роҷеъ ба муҳиммият ва тартиби дурусту шаффоф баргузор гардидани озмун суханронӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад.
Ёдовар мешвем, ки 5 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории озмун ва галаконсерти иштирокчиён доир мегардад.