Намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар шаҳри Панҷакент ифтитоҳ гардид
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29.08.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент” шакли хурди намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, муовини раиси шаҳри Панҷакент Парвина Нақибӣ, сарвари Пойгоҳи бостоншиносии Саразм ва Панҷакенти Қадим Худоёрова Норинисо, директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таьрихӣ-кишваршиносии ба номи А. Рӯдакӣ Мирзобзода Максудҷон, директори Маҷмаъаи таърихию фарҳангии Панҷрӯд Саидов Умарҷон, кормандони дастгоҳи марказии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо зикр намуданд, ки бисёр рамзист, ки шакли сайёри намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар вилояти Суғд аз шаҳри Панҷакент оғоз гардид. Зеро экспозитсияи намоиши мазкур низ аз бозёфтҳои яке аз ёдгориҳои машҳури ҳамин шаҳр бо номи “Саразм” оғоз гардида, ин ва дигар ёдгориҳои ин намоиш дар самти шинохти қишрҳои гуногуни ҷомеа бо осори ниёгони хеш ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии онҳо нақши муассир дорад.
Дар намоиш зиёда аз 100 адад ашёҳои таърихии марбут ба миллати тоҷик аз фонди Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба тамошо гузошта шудаанд, ки онҳо инъикосгари таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик буда, фарогирандаи ҳазораи 4 то мелод ва давра ба давра то асри 10 мелодӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон шакли хурди намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” давоми як моҳ дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид. Ба ин восита, мардуми маҳаллӣ имконият пайдо намуданд, ки бидуни сафар ба пойтахти кишвар аз ин намоиши сайёр дидан намуда, бо осори таърихии ниёгони хеш шинос гарданд.
Намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент то рӯзи 15 сентябр идома намуда, кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони шаҳри Панҷакент имкон доранд бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи ниёгон ва нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният шинос гарданд.