Намоиши «Об – сарчашмаи зиндагӣ» профессор Исуфҷон Сангов таҳти унвони Об – сарчашмаи зиндагӣ» баргузор гардид.
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълондошти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор дар давраи солҳои 2018-2028» санаи 15.11.2019, соати 17:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои бадеӣ ва муаррифии китоби Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор Исуфҷон Сангов таҳти унвони «Об – сарчашмаи зиндагӣ» баргузор гардид.
Дар намоиш зиёда аз 80 асарҳои беҳтарини рассом пешниходи тамошобинон гардидааст. Дар офаридаҳои рассом, ки дар солҳои гуногун эҷод гардидаанд, манзараҳои зебо ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон ҳамчун диёри сарчашмаҳои обҳои мусаффо, чашмасорон, дарёҳо ва кӯлҳо инъикос ёфтааст. Асарҳои офаридаи рассом аз қабили «Шаршараи Искандаркӯл» соли 2018, «Ҷангал» соли 1983, «Зодгоҳ. Балҷувон» соли 2002, «Чилучорчашма» соли 2002, «Ёддошт» соли 2004, «Дар доманакуҳҳои Помир» соли 2002, «Дашти Ҷум» соли 1985, «Кӯли кабуд» соли 2014, «Девори Ватан» соли 2002, «Ҳафтранги Роғун» соли 2001, «Суруди фалак» соли 2011, «Тирамоҳи хазонрез» соли 2002, ки аз шоҳасарҳои рассом маҳсуб меёбанд, дар толорҳои намоишӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Ҳамзамон дар намоиши мазкур асарҳои рассом «Субҳи Роғун» соли 1980 ва «Роғун» соли 1981 аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон пешкаши тамошобинон гардидааст.
Намоиши «Об – сарчашмаи зиндагӣ» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то 15.12.2019 идома меёбад.