Намоиши “Ҳифзи пиряхҳо – омили ҳифзи баҳри Арал”
Рӯзи 14.09.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Ҳифзи пиряхҳо – омили ҳифзи баҳри Арал” намоиши офаридаҳои рассомони кишварҳои Осиёи Марказӣ ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия, Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ғанизода Ҷамшед, директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов Ҷурахонзода Сироҷиддин, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Ҳамидова Наргис, рассомони кишварҳои Осиёи Марказӣ, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии марбутаи шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар намоиш наздики 100 адад асари рассомӣ ба маъраз гузошта шудааст, ки аз ҷониби мусаввирони кишварҳои Осиёи Марказӣ офарида шудаанд. Мавзуи асосии мусаввараҳо табиат, об, тағйёбии иқлим ва наҷоти баҳри Арал буда, дар сатҳи баланд ва жанрҳои гуногуни ҳунари рассомӣ офарида шудаанд.
Маврид ба зикр мебошад, ки Тоҷикистон кишвари обӣ буда, 13000 пирях, 1300 кӯл, 947 дарё, ҳазорҳо чашма ва обҳои маъданӣ дорад. Аз ҳамин лиҳоз, дар асарҳои рассомони Тоҷикистон манзараҳои зебои ин диёр, аз ҷумла пирях, кӯл, обанбор ва руду дарёҳо зиёд тасвир гардидаанд.
Дар асарҳои рассомони кишварҳои Қазоқистон ва Узбекистон бештар фоҷеаи баҳри Арал инъикос гардидааст. Зеро, яке аз фоҷиаҳои экологии Осиёи Марказӣ – аз байн рафтани баҳри Арал мебошад. Баҳри мазкур то тамоюли хушкшавӣ, калонтарин кӯл дар Осиёи Марказӣ ва чорумин дар ҷаҳон ба ҳисоб мерафт ва аз дарёҳои Сир ва Ому об мегирад. Зимнан Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои болооби минтақа буда, зиёда аз 60%-и захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Сарчашмаи асосии обҳои Осиёи Марказӣ пиряхҳо буда, Тоҷикистон аз ин сарват бой мебошад. Масоҳати умумии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 8500 км2 буда, қариб 6 фоизи ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд ва дар баландиҳои аз 3500 то 7495 м ҷойгир мебошанд.
Ҳифзи ин пиряхҳо омили ҳифз ва наҷоти баҳри Арал буда, дар асарҳои рассомони кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле хуб инъикос ёфтааст. Ҳадафи асосии намоиш ҳам – ин ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мавзуи ҳифзи пиряхҳо ва бо ин омил наҷоти баҳри Арал мебошад.
Дар доираи намоиш ба рассомони иштирокчӣ ва нафароне, ки дар ташкил ва баргузории ин намоиш саҳми назаррас гузоштанд “Гувоҳнома” (Сертификат) тақдим карда шуд.
Намоиши мазкур дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА), ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ифтитоҳ гардид ва то пагоҳ идома менамояд.