Намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст»
Рӯзи 07.10.2020, соати 10-00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ифтитоҳ гардид. Ташкилкунандагони намоиш: МД “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии “Россотрудничества” дар Тоҷикистон.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 80 адад экспонатҳо, аз ҷумла намунаи аризаҳои пешниҳоднамудаи ихтиёрини ҶБВ: Абдуллоева Марям, Баротов Сайид, Одилов Солӣ, Маҷитов Авғон ва мактубҳои Ахмедов Машраб, Қодиров Абдусаттор, ки аз майдони ҷанг ба хонадони худ навиштаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ҳамзамон дигар лавозимотҳои ҷангӣ аз қабили: сумкаи саҳроии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Сафар Амиршоев, миёнбанди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев, шинел, гимнастиёрка, миёнбанд ва сумкаи саҳроии Фотеҳ Ниёзӣ, сумкаи тиббӣ ва милтиқи Назира Умарова, дурбини иштирокчии ҷанг Қодиров Чароғ, обдони иштирокчии ҷанг Раҷабалӣ Ҷалилов, харитаи бо порчаи снаряд сурохшуда ва ба хун олудаи Амонов Р. дар намоиш гузошта шудаанд, ки солҳои мудҳиши ҷангро пеши назари тамошобин меоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар шаҳри Москва ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон нусхаи муҷассамаҳои ёдбудии “Ақибгоҳ барои фронт”, “ Ватан – Модар даъват мекунад”, “Ҷанговар наҷотдиҳанда” ва Пистолет – пулемёти Шпагин намунаи соли 1942-ро эҳдо намуданд, ки онҳо низ дар намоиш гузошта шудаанд.
Ҳамзамон аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 12 адад мусаввараҳои рассомон, ки ба мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд пешниҳоди тамошобинон гардидаанд, ки офаридаҳои рассомон Никитин Н. Н. “Дуои модар”, Қосимов А. А. «Гусел», Рахнаев И. Р. «Симои қаҳрамони ҷанг Неъмат Қарабоев», Белетский А. П. “Симои София Ниёзова”, Зубреева М. А. “Ҷамъоварии туҳфаҳо ба Армияи Сурх”, Хушвахтов Л. Х. “9 май соли 1945” ва Сангов Ю. Н. “Май 1945. Вохӯрии ғолибон” инъикосгари ин саҳифаи таърихи халқи тоҷик мебошанд. Инчунин сӯзании дастидӯзи офаридаи Нуриддинов Б. бо симои И. В. Сталин, сӯзании офаридаи ҳунарманд Баҳриддинова З. бо тасвири нишони 15 ҷумҳуриҳои иттифоқии Иттиҳодӣ Шӯравӣ ва 5 адад плакатҳои гуногуни марбут ба замони ҶБВ ба намоиш гузошта шудаанд.
Намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» то 20.10.2020 идома меёбад.