Намоиши «Дастхатҳои нодир аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд»
Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» намоиши «Дастхатҳои нодир аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» – ро ифтитоҳ намуд».
Дар расми ифтитоҳи намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 20 адад китобу дастхатҳои нодир ба монанди «Қуръони Карим», «Мушкот-ул-масобиҳ», «Рашаҳот айн-ул-ҳаёт», «Маъориҷ-ун-нубувват фи мадориҷ-ил-футувват», «Ҳазору як шаб», «Тазкират-уш-шуъаро», «Ахлоқ-ул-муҳсинин», «Маҷмуаи маснавиёт ва девонҳо», «Юсуфу Зулайхо»-и А. Ҷомӣ, «Юсуфу Зулайхо»-и Нозимӣ, «Юсуфу Зулайхо»-и Мирзо Ҷунайд, «Девон»-и Бедил, «Девон»-и А. Навоӣ ва ҳамчуни намунаҳои гуногуни хушнависӣ аз ашъори классикони форсу тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд.
Ҳамзамон дар намоиши мазкур аз фонди захиравии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 30 адад китобу дастхатҳои нодири таърихӣ аз қабили «Захирату-л-мулук», «Ҷомеъу-л-улум», «Маслаку-л-муттақин», «Манофеу-л-услимин», «Девон»-и Алишери Навоӣ, «Шарҳи «Ақоиди Азудӣ», «Сарфу наҳви арабӣ», «Юсуф ва Зулайхо» ва «Рубоиёти Хайём» ба намоиш гузошта шудааст.
Бояд гуфт, ки нусхаҳои нодири дар намоиш гузошташуда, фарогири мавзуъҳои таърих, ирфон, ахлоқ, забону адабиёт, сарфу наҳви арабӣ ва фиқҳи ҳанафӣ буда, ҳамчунин дорои ҳунари волои хаттотӣ, саҳҳофӣ, муқовасозӣ ва тазҳибкорӣ мебошанд, ки ин нишон аз арзишҳои муҳимми фарҳангӣ ва таърихии халқи тоҷик мебошанд.
Намоиши «Дастхатҳои нодир аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» то рӯзи 24 сентябри соли 2019 идома меёбад.