Намоиши «Ҳаёти ман – паёми ман»

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 ноябри соли 2019 ба муносибати 150-солагии Маҳатма Гандӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳаёти ман – паёми ман аст» намоиш ифтитоҳ гардид.

Дар намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурри Тоҷикистон Шамсиддин Орунбекзода, намояндагони сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе, донишҷӯёни факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.