Намоиши ҷашнии Арабистони Саудӣ дар Осорхонаи миллӣ
Намоиши ҷашнии Арабистони Саудӣ дар Осорхонаи миллӣ
Имрӯз 22.02.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори рӯзи таъсисёбии кишвари Шоҳигарии Арабистони Саудӣ намоиши ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар кори намоиш намояндагии корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони вазорату кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати кормандону роҳбарияти Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Дар ибтидоии намоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдураҳмон ар- Рушайдон ба сухан баромада, зикр намуд, ки ҳамасола 22 феврал Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъсисёбии кишварро бо номи “Рӯзи таъсис” ба соли 1139 ҳиҷрии қамарӣ, ки ба 22 феврали соли 1927 мелодӣ рост меояд, таҷлил мекунад.
Ҳамзамон, дар намоиш аксҳое, ки таҷассумгари таъриху фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошанд, ба маърази тамошобинон гузошта шуданд.
Меҳмонон бо тамошои намоиши мазкур бори дигар бо таърихи қадим ва навтарини Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз наздик шинос шуданд.