Намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз – 2020»
Ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо роҳҳои гуногун (экспедитсияҳо, харид, қабули туҳфа) ашёи нави моҳияти таърихию фарҳангидоштаро ҷамъоварӣ менамояд. Маводи дар давоми як сол ҷамъоваришуда бошад, дар шакли намоиши муваққатӣ ҳамасола таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз”, ки ғояи Осорхонаи миллии Тоҷикистон мебошад, пешкаши ҳамагон мегардад.
Намоиши имсола бо иштироки доираи васеъи намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ, намояндагии Россотрудничества дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ифтитоҳ гардид. Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз Наврӯзи соли 2019 то Наврӯзи соли 2020 ба фонди хеш 6480 адад намунаи гуногуни мероси таърихӣ – фарҳангӣ ворид намудааст, ки аз ин миқдор 4168 адади он тавассути комиссияи фондии ОМТ харидорӣ шуда, 423 адад бозёфтҳои гуногуни мансуб ба давраҳои таърихи қадим ва асри миёнагиро бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар рафти ковишҳои бостоншиносӣ аз Наврӯзи соли 2019 то Наврӯзи соли 2020 кашф намуда, ба фонди ОМТ ворид намуданд.
Ҳамзамон 1889 адади дигар аз ҷониби шахсиятҳо ва мақомотҳои гуногуни кишвар ба Осорхона эҳдо гардидаанд. Аз ҷумла аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 адад сиккаи 100 сомонаи нуқрагӣ бо навиштаҷоти “Оғози кори НБО – Роғун” ва ганҷинаи сиккаҳои асри XV иборат аз 1314 адад сикка, аз ҷониби директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, атташеи низомии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рашид Хан, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар ва маводҳои марбут ба Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов аз ҷониби оилаи ин шахсият ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон туҳфа гардидаанд.
Аз шумораи умумии 6480 адад намунаҳои гуногуни мероси таърихию фарҳангие, ки дар давоми як сол ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ворид гардидааст, дар намоиши мазкур беш аз 4000 адади онҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Тамошобинон дар сурати боздид аз ин намоиши муваққатӣ бо намунаи сӯзанӣ, гулдӯзӣ, чакан, ҳунари мисгарӣ (дар коллексияи самоворҳо ҳунари баланди ҳунармандон дида мешавад), сиккаҳо, меъроси хаттӣ, пайкара, нимпайкара ва дигар намунаи ҳунарҳои мардуми тоҷик шинос мегарданд. Бояд зикр намуд, ки намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз” аз 17.03.2020 то 31.03.2020 идома меёбад.